Мулло 13 зан гирифту боздошт шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷинхонӣ машғул буд, 13 занро ба никоҳи худ даровардааст. Ӯ бо бархеи онҳо аз 3 рӯз то 4 моҳ зиндагӣ кардааст.

Ба иттилои ВКД, Ҳасан Мухтаров худро эшон гирифта, барои ҷинхонӣ ба хонаи мардум мерафт. Баъд аз дуохонӣ, ба боварии занҳои бева ва духтарони хона даромада, бидуни шоҳид ва мулло, онҳоро худаш ба никоҳаш даровардааст.

ВКД аз занҳо ном намегирад, аммо қариб 7 зан шаҳодат медиҳанд, ки дар никоҳи Ҳасан Мухтаров будаанд. Гумонбар қаблан барои таъмин накардани манзили зист ба оилааш ва напардохтани алимент суд шуда будааст. Ҳоло ӯ дар боздошт қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *