Мулло Абдураҳим: Қотили  мусалмонҳо ва душмани ислом кист?

Мардуми шарифи Тоҷикистон, имрӯз олами ислом аз дасисаву иғвогариҳои баъзе равияҳои тундгаро ва хоҷагони дар пушти онҳо буда ба қатлу қитол, талаву тороҷ, ваҳшату даҳшат гирифтор гардидааст ва аҷибтар аз ҳама дар он аст, ки тамоми корҳои ғайришаръӣ ва афъолу аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешаванд.

Гурӯҳи ба ном Давлати исломии Ироқу Шом ва амсоли онҳо, ки дар ин давлатҳо созмонҳои бонуфузу мусаллаҳшуда мавсуф ба террористӣ ва экстремистӣ аст, ки зери ақидаи ҷиҳод аз номи ислом фаъолият карда, ҳадафи аъзои он ин ташкил намудани Хилофати исломӣ дар ин минтақа мебошад.

Бо шиори ҷорӣ кардани фармудаи дини ислом, ки Абӯбакри Бағдодӣ, ки худро халифа эълон кардааст, ҳол ин, ки ба мо маълум аст, хилофат қариб, ки 13 аср аз байн рафтааст ва мехоҳад, ки дар таҳти ин шиор аз номи дини мубини ислом амалҳои террористиву экстремистиро нисбат ба бародарони муъмину мусалмон ва занону кӯдакон, ки имрӯз ҳазорҳо ятиму бенаво мондаанд, анҷом бидиҳад.

Ҳол он ки дар тафаккуру шуури уламои ислом таъин кардани халифа қобили қабул нест  “Давлати исломии Ироқу Шом”баромада, изҳор намуданд, ки “халифаи мусалмонҳо бояд аз сӯи тамоми пайравони ин дин ё намояндаи онҳо, аз қабили ходимони дину донишмандон ва ҷамъиятҳои исломӣ интихоб шавад. Аммо ин ки як гурӯҳ имрӯз халифаро интихоб мекунаду аз ташкили хилофати исломӣ хабар медиҳад, зидди тамоми меъёрҳои шаръӣ аст».

«Давлати исломии Ироқу Шом» худро ҳомии дини ислом меномад ва ҳамеша аз номи ин дини мубин сухан мегӯяд. Пас бубинем, ки ин террористон бо дини ислом чӣ робита дошта бошанд.

Дар  таълимоти аслии дини мубини ислом инчунин омадааст,ки дини ислом дини сулҳ, тарғибкунандаи некиву накукорӣ ва раҳму шафқат аст ва ҳаргиз зулму ситамро намепазирад:

— Аллоҳ таъоло зулму ситамро аввал барои худ ҳаром гардонид ва сипас бандагонашро аз он манъ кард. Чунонки дар ҳадиси қудсӣ меояд: «Эй бандагонам! Ҳамоно ман зулмро бар худ ҳаром кардам ва онро дар байни шумо ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулму ситам накунед» (Саҳеҳи Муслим, 8/16).

«Зулм рӯзи қиёмат зулумот (торикӣ) аст» (Саҳеҳи Бухорӣ, 6/237).

  — «Эй мардум! Аз зулм худдорӣ кунед, зеро зулм аз торикиҳои рӯзи қиёмат аст» (Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал).

Чун ситамкор аз пешаи худ даст накашад ва бо истифода аз мақом ё қувваи худ мардумро азобу шиканҷа додан гирад, ба ҳаққи дигарон таҷовуз кунад, Худованди қаҳҳор ҷазои ӯро дар дунё медиҳад: «Худои таъоло ҷазои ду амалро дар дунё ба соҳибаш медиҳад: зулм ва қатъи равобити хешовандӣ» (Муснади Аҳмади Ҳанбал, 5/38, Тафсири Ибни Касир, 4/596, Сунани Абӯдовуд, 4902, Сунани Ибни Моҷа, 4211ва ғайра).

«Ва Худоро аз он чӣ ситамгорон мекунанд, бехабар мапиндор; ҷуз ин нест, ки онҳоро барои рӯзе мавқуф медорад, ки дар он чашмҳо хира шаванд» (Сураи Иброҳим, ояти 42).

Ҷазои золим дар дунё ҳатман дода мешавад, то ин ки дигарон огоҳ бошанд. Таърих гувоҳ аст, ки дар кадом диёре, ки он ҷо зулм ҳукумронӣ кардааст оқибат хору вайрона гардидааст, чунки бо зулм давлат пойдор намешавад,  ки бузургон гуфтаанд:

Аз мукофоти амал ғофил машав,

Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав.

Бинобар ин, мо бояд аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои «исломӣ», ки исломро фақат барои фирефтан ва гумроҳ намудани мардум истифода мебаранд, бениҳоят эҳтиёт бошем. Ба суханҳои ширин, ояту ҳадисҳои таъвилшуда фирефта нашавем. Дар ҳимояи ақида ва мазҳаби худ устувор бошем. Вақте ки ИМА ба Ироқ ҳуҷум кард, мардуми Ироқ бетарафиро ихтиёр намуданд, гумон карданд, ки баъд аз барҳам хӯрдани режими Саддом Ҳусайн зиндагии осоишта хоҳанд дошт. Аммо ин хатои бузургтарини ироқиҳо буд!

Имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи Наздик ба Ватани мо низ таҳдид дорад.

Ин зуҳуроти зараррасон ҳеҷ умумияте бо дини мубини ислом надорад, танҳо бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

Аз баррасии масъалаҳои экстремизм ва терроризм дар Паёми Президенти мамлакат бармеояд, ки ҳодисаҳои охири баъзе кишварҳои арабӣ ҳамагонро ба ташвиш оварда, метавонад ба сулҳу субот ва амнияти кишвари мо низ хатар дошта бошад.

{وَمَنْ يَقْتُلْ مُؤْمِنًا مُتَعَمِّدًا فَجَزَاؤُهُ جَهَنَّمُ خَالِدًا فِيهَا وَغَضِبَ اللَّهُ عَلَيْهِ وَلَعَنَهُ وَأَعَدَّ لَهُ عَذَابًا عَظِيمًا}(النساء/93).

Ва ҳар ки муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст. (Сураи Нисо, ояти 93).

{وَلاَ تَقْتُلُوا النَّفْسَ الَّتِي حَرَّمَ اللَّهُ إِلاَّ بِالْحَقِّ وَمَنْ قُتِلَ مَظْلُومًا فَقَدْ جَعَلْنَا لِوَلِيِّهِ سُلْطَانًا فَلاَ يُسْرِفْ فِي الْقَتْلِ إِنَّهُ كَانَ مَنصُورًا}(الإسراء/33).

Ва нафсеро, ки Худо (куштанашро) ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ макушед. Ва ҳар ки ба ситам кушта шавад, пас ба вориси ӯро қуввате додаем, пас бояд ки дар куштан зиёдаравӣ накунад. Ба дурустӣ ки вай ёрӣ дода шудааст (Сураи Исро, ояти 33).

Дар ҳадиси қудсӣ меояд: «Эй бандагонам! Ҳамоно ман зулмро бар худ ҳаром кардам ва онро дар байни шумо ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулму ситам накунед» (Саҳеҳи Муслим, 8/16).

Қазоват кунед! Аз оёти овардашуда бармеояд, ки Худои бузург ҳаргиз ба куштани нафсе амр накардааст. Рехтани хуни ноҳақ дар пешгоҳи Парвардигор мамнуъ аст, талаву тороҷи моли мардум мамнуъ аст, ғулом кардани зану фарзанди одамизод мамнуъ аст.

Гурӯҳҳои тундрави мавҷуда амреро ба миён овардан, ки мусалмононро бо камтарин ҷурм кофир ва мулҳид эълон мекунанд, сипас қатлу ғоратро алайҳи онҳо раво медонанд. Дар ҳоле ки ин мардум гӯяндаи калимаи шаҳодат аст. Дар ин маврид Паёмбар (с) мефармоянд: «Хуни ҳеҷ мусалмон, ки ба ваҳдоният ва ягонагии Худо ва нубуввати Паёмбари ислом медиҳад, ҳалол нест…» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Оре, агар муфтиву қозиҳои «Давлати исломӣ», «Ҷамоати ансоруллоҳ», «Ҷабҳату-н-нусра» ва дигар ташкилотҳои террористӣ, ҳизбу ҳаракатҳои исломии хориҷиву дохилӣ сад далел биёранд ҳам, ҳамаи он дар пеши Қуръони карим ҳеҷ аст.

Маълум мешавад, ки Худову Расулаш (с) ҳаргиз ба бадиву бадхоҳӣ, хунрезиву беадолати амр накардаанд. Маълум мешавад, ки ҳама шиору даъватҳои ифротиён дурӯғ буда, бо таълимоти Қуръони карим заррае ҳам мувофиқат намекунанд. Онҳое ки худро ҳомии дини ислом муаррифӣ мекунанд, мувофиқи ҳукмҳояшон алайҳи ислом ва фармудаҳои он амал мекунанд.

Мо танҳо дар бораи террористони хориҷӣ намегӯем. Дар дохили кишвар низ баъзе афроде ҳастанд, ки доим дар пайи эҷоди тафриқа мебошанд, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд сиёсати пешгирифтаи давлатро танқид кунанд ва барои ин ақидаи бедалелашон аз дини мубини ислом истифода мебаранд. Бовар кунед, ин чамоаи худхоҳ дини бузурги исломро имрӯз бозичаи афроди бадхоҳ ва баъзе гурӯҳу ҳизбҳои ба ном исломӣ гардонидааст. Чунин нафарон гӯё аз ислом дифоъ мекунанд, аммо дар асл дин барояшон як васила аст.

Мо хуб дар хотир дорем, ки солҳои навадум дар майдони «Шаҳидон» кадом шиорҳо буд ва кадом ояту ҳадис бо тафсиру таъвилҳои ҳайратовар ба мардум расонида мешуд. «Озодӣ», «истеъфо», «аз хоби гарон хез» — дар якҷоягӣ бо аҳкоми динӣ пешкаши одамон мешуд, ки дар натиҷааш Тоҷикистони пешрафтаю зеборо ба хуну куштор оғушта гардониданд.

Шумо худ огоҳ гаштед, ки дини мубини ислом дини зулму ситам, куштору ваҳшоният набуда, балки дини раҳму шафқат, меҳру муҳаббат, некиву накӯкорист. Ислом динест, ки мардумро ба сӯи иттифоқу ваҳдат даъват намуда, одамонро аз ихтилофу тафриқа, ифрот, тафрит ва иғвогарӣ бозмедорад.

Бигзор мардум огоҳ бошанд, он корҳое, ки дар Ироқу Сурия, Либияву Яман ва дигар минтақаҳо аз номи ислом анҷом дода мешаванд, ба ислом заррае ҳам робита надоранд. Он суханҳое, ки аз ҷониби бадхоҳон нисбати вазъи дин дар Тоҷикистон садо медиҳанд, кӯшиши навине баҳри эҷоди тафриқа дар Ватани азизамон аст. Душманони дину давлат ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷикро дида наметавонанд, бинобар ин бо ҳар роҳу восита мехоҳанд дар байни мо иғво ангезанд.

Моро ҳам фарзу ҳам суннат аст, ки ёру дӯстон, хешу ақрабо, тамоми ҳамватанонро аз макру ҳила ва найрангбозии гурӯҳҳои террористӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ, баъзе эшону муллоҳои дурӯя ва хоинони миллат огоҳ созем. Бигзор ҳамагон бидонанд, ки дини ислом василае байни Худову бандааш мебошад, на равише баҳри вайронии ҷомеа ва ба даст овардани дунёи фонӣ.

Раҳим Каримов,

 декани факултети филологияи шарқи ДИТ ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *