Мулло Бародар Тоҷикистонро ҳушдор медиҳад!
Мулло Бародар: Тоҷикистонро ба дахолат ба кори Афғонистон муттаҳам кард.
Тоҷикистон , ки дар чандин нишасту суҳбатҳо аз давлатдории Толибон изҳори нигаронӣ, кард, ин иқдом ба намояндагони давлати исломии Толибон писанд наомад. Ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он чи Президенти Тоҷикистон аз авзои кишвари ҳамсоя изҳори нигаронӣ намуд, пайрвӣ карда, изҳоротҳои мухталифе интишор доданд.
Ва ин боис гардида, ки Мулло Абдулғанӣ Бародар, ноиби аввали сарвазири ҳукумати ташкилкардаи «Толибон»* Тоҷикистонро дар дахолат ба умури Афғонистон муттаҳам кард.
Абдулғанӣ Бародар мегӯяд, Тоҷикистон ба умури Афғонистон дахолат мекунад.
«Тоҷикистон ба корҳои мо дахолат мекунад, ҳар амал аксуламале дорад», — изҳор доштаст Бародар дар суҳбат бо шабакаи телевизионии Al-Jazeera.
Тафсилоти бештар ва тевзеҳот, ки чӣ аксуламалро мулло Бародар дар назар дорад, феълан маълум нест.
Дар ҳамин ҳол «Толибон»* ахиран эълом карданд, ки ҳазорон сарбози нерӯҳои махсуси худро ба вилояти Тахори Афғонистон, ки дар наздикии марзи Тоҷикистон воқеъ аст, равон кардаанд.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз ваъдахилофиҳои «Толибон»* дар мавриди ташкили ҳукумати ҳамашумул ва тартиботи ҷорикардаи онҳо интиқод намуда, ба мардумсолорӣ ва риояи ҳуқуқи ҳамаи мардуми Афғонистон таъкид намуда буд.
Ҳукумат дар Афғонистонро созмони «Толибон»* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломиро ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил, бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занонро идома хоҳанд дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ