Мулло Карим тифли шашсоларо ба никоҳаш даровард.
Пулиси Афғонистон як муллоро барои ба занӣ гирифтани як духтараки 6-сола дастгир кардааст. Мулло Саидмуҳаммад Карим аз вилояти Ғӯр мегӯяд, духтарро падару модарашдар ивази туморнависӣ ба ӯ ҳадя карданд. Баъдан ӯ ин тифлро ба никоҳи худ дароварда, ба хоҳарзодааш барои калон кардан додааст. Волидони духтарак мегӯянд, ки Мулло Карим духтарашонро дуздидааст. Шояд онҳо ба хотири ба ҷавобгарӣ кашида нашуданашон чунин мегӯянд. Ҳоло ин тифл дар идораи пулиси вилояти Ғур ва назорати духтурон қарор дорад ва тафтишот низ сари ин масъала идома меёбад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ