Мулло Нуриддин Туробӣ: Ҳеч кас ҳақ надорад, ба мо бигӯяд, ки қонунҳои мо чӣ гуна бояд бошанд!
Ҳангоме, ки дарку фаҳмишу бардошти як нафар аз пешвои Толибон чунин аст, пас ҷомеаи ҷаҳонӣ чи гуна метавонад, умед ба он бандад, ки Толибон дар раванди давлатдорияшон аз қонунҳои умумибашарӣ пайравӣ мекунанд?! Чигуна бояд эътимод кард, ки Толибон аз куштору қатлу ғорат даст мебардоранд? Бубахшед Мулло Нуриддин магар худи Шумо ба ин қонунҳои эҷодкардаатон эҳтиромеро қоилед? Магар амали Шумо аз рӯи он қонунҳо ҳаст? Магар қонунҳои Ислом ва Қуръон пуштибонӣ аз куштору қатлу поймоли ҳуқуқи мардумон аст?
Ҷаҳон тағир хурдааст Мулло Нуриддин! Пас қонунҳо низ ба раванди густариши ҷомеа ҳамоҳанг бошанду нафъи ҷомеаро ҳифз намоянд. Шумо ҳамчун як намояндаи олимақоми Толибон, бояд чораҳои дигаре андешед то тарсу ваҳму аз худ дуркунии мардумонро аз байн бурда, бо ин амалатон дар назди ҷаҳониён Исломро чи тавре, ки аз ибтидо буд ҳамон дини поку муқаддасу созандаву ахлоқӣ нишон диҳед!
Мулло Нуриддин Туробӣ, яке аз поягузорон ва вазири адлияи ҳукумати гузаштаи «Толибон», дар суҳбат бо хабаргузории «Ассошиэйтед Пресс» гуфтааст, ки гуруҳ аз ҷазоҳое ба монанди буридани даст ва ҳукми қатл ё эъдом даст намекашад.
Намояндагони «Толибон» дар даври гузаштаи ҳокимияташон дар Афғонистон (аз 1996 то 2001) дар ҳузури ҳазорон нафар, асосан дар майдонҳо, гунаҳкоронро эъдом мекарданд. Аммо Туробӣ гуфтааст, мумкин аст, ин дафъа муҷримон дар ҳузури мардум муҷозот нашаванд.
Ин намояндаи «Толибон» гуфтааст, нигарониҳои кишварҳои хориҷиро аз иҷрои ҳукми қатл намепазиранд ва ҳушдор додааст, ки ҷаҳон бояд ба умури дохилии ҳукумати «Толибон» дар Афғонистон дахолат накунад.
«Ҳеч кас ҳақ надорад, ба мо бигӯяд, ки қонунҳои мо чӣ гуна бояд бошанд. Мо қонунҳои худро бо пайравӣ ба Ислом ва Қуръон таҳия мекунем», — гуфтааст Мулло Нуриддин Туробӣ.
Аз замони ғасби ҳукумат дар Кобул дар 15-уми августи имсол ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амалкарди «Толибон» назорат мекунад, ки оё қонунҳои золимонаи худро ба мисли солҳои 90-ум бақарор мекунад ё хайр.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ