Муллои эронӣ ҳамҷинсгароёнро никоҳ мекунад (Видео)
Рафтори муллои эронӣ боиси сару садои зиёд ва бархурдҳои шадид гардидааст. Дар навор дида мешавад, ки Таха (номи мустаори муллои эронӣ) ба сараш дастор баста, дар масҷид ибодат мекунад ва баъд аз ин рӯйю мӯйи худро оро дода ба гейклуб меравад.
Дар ютуб наворе пахш шудааст, ки як рӯҳонии эронӣ ҳамҷинсгароҳоро никоҳи мусалмонӣ мекунад. Ҳол он ки дини ислом ҳамҷинсгароиро шадидан маҳкум мекунад.
Рафтори муллои эронӣ боиси сару садои зиёд ва бархурдҳои шадид гардидааст. Дар навор дида мешавад, ки Таха (номи мустаори муллои эронӣ) ба сараш дастор баста, дар масҷид ибодат мекунад ва баъд аз ин рӯйю мӯйи худро оро дода ба гейклуб меравад.
Дар гейклуб ду ҷавони ҳамҷинсгарои эронӣ, ки ба Истамбул фирор кардаанд аз Таха хоҳиш мекунанд, онҳоро никоҳ кунад.
Дар Ҷумҳурии исломии Эрон никоҳи ноболиғон дар ҳоли афзоиш буда, никоҳи муваққатӣ (сиға) роиҷ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ