Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо доктор Аҳмад Ат-Тайиб дар Боку

12 ноябр дар шаҳри Боку дар ҳошияи саммити Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо имоми акбари муассисаи “Ал-Азҳар”-и Миср доктор Аҳмад Ат-Тайиб сурат гирифт.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар оғози вохӯрӣ саҳми ин муассисаи илмию таълимиро дар омода кардани ҳазорон мутахассиси соҳаҳои гуногун ва тарғиби ғояҳои сулҳҷӯёнаву таҳаммулпазирӣ таъкид кард.

«Ишора карда шуд, ки дар шароти имрӯза муттаҳид будани уммати мусулмон хело муҳим аст.

Дар ин замина дарки воқеии ҷавонон аз ҳадафҳо ва рӯҳияи аслии дини ислом, ки ҳамоно таҳаммулпазирӣ, накӯкорӣ ва инсондӯстист, муҳим дониста шуд»,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Президенти кишвар.

Зикр гардид, ки айни замон дар бахшҳои гуногуни муассисаи таълимии “Ал-Азҳар” зиёда аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Сарвари давлати мо дар ин робита аҳаммияти танзими таҳсили донишҷӯёни тоҷикро дар асоси қонунгузории ду кишвари дӯсту бародар таъкид кард.

“Изҳори умед карда шуд, ки ҳамкории илмиву татқиқотии муассисаҳои таълимию илмии Тоҷикистон ва муассисаи “Ал-Азҳар” густариш хоҳад ёфт”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *