Мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои  Тоҷикистон, Русия ва Беларус дар Маскав

15-уми марти соли равон  дар шаҳри Маскав мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои  Тоҷикистон, Русия ва Беларус баргузор шудааст.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Русия иттилоъ додааст.
Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин ва Александр Лукашенко дар ҷараёни мулоқоти ғайрирасмии худ бо Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон суҳбати телефонӣ анҷом додаанд.

Роҳбарони кишварҳо дар ин гуфтугӯ масъалаҳои муҳими рушди равобити байнидавлатиро баррасӣ кардаанд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки  9-уми май дар Маскав мулоқот хоҳанд кард.

Пагоҳ, 17 март гуфтугӯи расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Русия Владимир Путин дар назар аст. Ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои стратегиро баррасӣ хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image