Мулоқоти Аҳмади Масъуд бо Оятуллоҳ Хоманаӣ. Ӯ аз Эрон чиро интизор аст?

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби исломии Эрон бо Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мулоқот кардааст

Қаблан расонаҳо аз мулоқоти Аҳмади Масъуд бо Амир Исмоилхон, раҳбари муқовимати Ҳирот хабар дода буданд.

Як манбаъи огоҳ дар Эрон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Аҳмади Масъуд дар Эрон қабл аз ҳама бо раҳбарони фирории муқовимати Афғонистон вохӯрда, дидорҳоеро низ бо мақомоти эронӣ, аз ҷумла раҳбари Инқилоби исломӣ доштааст.

“Дар ин мулоқот Оятуллоҳ Хоманаӣ аз раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хостааст, ки талош кунад бо “Толибон”* аз дари сулҳу салоҳ ва музокира бо “Толибон” масъалаи буҳрони Афғонистонро ҳал кунад. Вай гуфтааст, танҳо роҳи ҳалли низоъ ва ҷилавгирӣ аз фоҷиаҳои оянда дар Афғонистон эҷоди як ҳукумати ҳамашумул бо ширкати тамоми нерӯҳои матраҳи сиёсӣ, аз ҷумла Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аст”, — гуфт манбаъ.

Қаблан расонаҳо аз қавли масъули матбуотии Амир Исмоилхон дар шаҳри Машҳади Эрон хабар дода буданд, ки раҳбари муқовимат ва волии пешини Ҳирот 3 ноябр бо Аҳмади Масъуд мулоқот кардааст.

Рӯзномаи эронии “Ормони миллӣ” навишт, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар сафар ба Машҳад ҳомили паёми Эмомалӣ Раҳмон, Президенти  Тоҷикистон барои Исмоилхон будааст.

Бино ба ин манбаъ, Президенти Тоҷикистон дар ин паём бар таъсиси як ҳукумати ҳамашумул таъкид доштааст.

Эрону Тоҷикистон аз пуштибонони муқовимати аввал таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд, падари Аҳмади Масъуд буданд, ки соли 2001 ба шаҳодат расид. Аммо танҳо ин ду кишвар нестанд, ки бар таъсиси як ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон таъкид мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Саид Хатибзода, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон дирӯз 8 ноябр зимни як нишасти хабарӣ дар робита ба сафари Масъуди хурдӣ ба Машҳад изҳороти норавшане кард.

Хатибзода гуфт, ки сафарҳо ба Эрон бо огоҳии Кобул ва дӯстон дар паҳлӯҳои мухталифи ҷомеъа ва гурӯҳҳои мадании Афғонистон сурат гирифтаанд.

Дигар кишварҳои ҷаҳон ва минтақа низ ҳукумати “Иморати исломии Афғонистон” (ҳукумати худхондаи «Толибон») – ро як ҳукумати ҳамашумул намешуморанд ва таъкид бар рӯи кор овардани он мекунанд.

Зоҳиран, як далели эътироф нашудани ҳукумати “Толибон”* дар Афғонистон низ ин будааст.

Ҷабҳаи муқовимати миллии таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд танҳо нерӯи матраҳи низомӣ – сиёсии муътадили зиддитолибонӣ дар Афғонистон аст, ки дар вилоятҳои Панҷшеру Бағлон амалан бо “Толибон” вориди ҷанг шудааст ва ба вилоятҳои Балху Тахор ва Бадахшон густариш ёфтааст.

Як нерӯи дигаре, ки алайҳи “Толибон”* дар Афғонистон вориди ҷанг шудааст ва рӯз то рӯз тақвият меёбад, гуруҳи худхондаи “Давлати исломии Хуросон” ё “ДОИШи Хуросон”* аст.

Эрону Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз нуфузи рӯзафзуни ин гуруҳ шадидан нигаронанд. Бино ба гузоришҳо, ин гуруҳ дар шимоли Афғонистон бо пуштибонии “Шабакаи Ҳаққонӣ” – и “Толибон” ба суръат сарбозгирӣ ва пойгоҳсозӣ мекунад.

Толибон агар диди фарохтаре ба созмони ҳукуматашон равона насозанду як ҳукумати фарогири ҳама қавму миллатҳои ин сарзаминро созгор набошад, онгоҳ даргириҳои хунину сангине ба миён меоянд, ки Толибон дар аъроф мемонанд.  Ва муқовимат бо “ДОИШи Хуросон” ба осонӣ даст намедиҳад.

Эҳтимолан мулоқоти раҳбари Инқилоби исломӣ бо Аҳмади Масъуд реша дар ин нигарониҳо низ дорад ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки низ рӯз ба рӯз тақвият меёбад ва аз тамоми ақвоми Афғонистон таркиб ёфтааст, аз сӯи Эрон як нерӯи матраҳи зиддидоишӣ баррасӣ мешавад.

Ин муқовиматҳо ва душмангароиҳо Афғонистонро ба куҷо мебаранд, ҳанӯз маълум нест.  Танҳо чизе ки рушан аст, кунун сар то сари ин кишвар мардум доранд аз гурӯснагиву нодорӣ азият мекашанд. Зимистони пешорӯ истода, ин вазъро дучанд гаронтару сангин мегардонад. Биобар ин бояд созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар, ҳарчи сареҳтар сари ин масъала андеша ронанд, то мардумро аз марги иҷборӣ раҳоӣ бахшанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *