Мулоқоти Аҳмадзода бо роҳбарияти «Пахтакор Голд Текстил»-и Ӯзбекистон

Рӯзи 5-уми феврал раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори генералии ҶДММ «Пахтакор Голд Текстил»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Меҳриддин Юсуповро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи саноати сабук ва коркарди пахта мубодилаи афкор намудаанд.

— Раиси вилоят дар оғози суҳбат қайд кард, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои дуҷонибаи давлатҳои дӯсту бародар тавсеа ёфта, робитаҳо дар бахшҳои мухталиф тақвият ёфта истодааст. Аз ҷумла, дар соҳаи саноат низ ҳамкориҳо ба роҳ монда шуда, соҳибкорони тоҷику ӯзбек то имрӯз аллакай чанд корхонаи муштаракро фаъол намуданд,- меафзояд манбаъ.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон вобаста ба имкониятҳои вилоят дар самти истеҳсолу коркарди пахта маълумот дода, изҳор доштааст, ки ҷонибҳо метавонанд дар ин ҷода корҳои назаррасро амалӣ созанд.

Соҳибкорони ӯзбек дар навбати худ доир ба фаъолияти корхонаи «Пахтакор Голд Текстил», ки яке аз корхонаҳои муваффақ аст, маълумот дода, омодагии худро барои амалисозии тарҳҳои муштарак баён доштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *