Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода дар Донишгоҳи Чирчиқ
Дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ бо ибтикори Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон ва дар ҳамкорӣ бо маъмурияти ин донишгоҳ чорабинии маънавӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Он бахшида ба “Соли 2024-соли пуштибонӣ аз ҷавонон ва соҳибкорӣ» сурат гирифт, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон эълон шудааст. Дар ин чорабинӣ сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ширкат намуд.
-Ҷавонон ояндаи моянд. Дар ин донишгоҳ ҷавонони тоҷик низ машғули таҳсил мебошанд. Онҳо баъди анҷоми таҳсил дар мактабҳои тоҷикии шаҳру вилоятҳои ҷумҳуриамон ба сифати омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик фаъолият мекунанд,-гуфт ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ Ғафурҷон Муҳамедов.
Вай афзуд, ки аз замони таъсиси ин донишгоҳ вақти зиёд сипарӣ нашудааст. Бо вуҷуди ин, маъмурияти донишгоҳ барои ҷалби ҳарчи бештари ҷавонони тоҷик ба таҳсил тамоми шароити мусоидро фароҳам овардааст.
Дар чорабинӣ сафири тоҷик Абдуҷаббор Раҳмонзода ба сухан баромада, дӯстиву рафоқати халқҳои тоҷику ӯзбекро тараннум намуд.
-Бо иқдоми наҷиб ва сиёсати хирадмандонаи сарварони ду давлат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои ду кишвари ҳамҷавор дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла таълиму тарбияи ҷавонон густариш меёбанд, инчунин дӯстиву рафоқати байни мардуми тоҷику ӯзбек беш аз пеш мустаҳкам мешавад,-гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова, раҳбари шӯъбаи Ассосиатсияи миллии ташкилотҳои нодавлатию нотиҷоратии Ӯзбекистон дар вилояти Тошканд Иброҳим Холматов, проректори якуми донишгоҳ оид ба корҳои маънавию маърифӣ ва ҷавонон Самариддин Қораев ва як қатор олимону ходимони соҳаи маориф низ дар ин чорабинӣ ба сухан баромаданд.
Дар қисми бадеии чорабинӣ дастаҳои ҳунарии Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони шаҳри Чирчиқ бо раҳбарии Орзугул Абдураҳмонова, дастаҳои рақсии «Гулдухтарони масчоҳӣ»-и ноҳияи Бӯка ва «Ситора»-и ноҳияи Пискенти вилояти Тошканд, овозхонҳои тоҷик Аҳмад Назар ва Нургул Ӯлҷабоева бо суруду таронаҳо ва рақсҳои ҷаззоб табъи иштирокчиёни чорабинии маънавӣ-маърифатиро хушнуд гардониданд.
Мирасрор Аҳроров,
вилояти Тошканд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ