Мулоқоти Азим Иброҳим бо ҳамтои қирғизаш дар марз
Имрӯз, 14 январи соли 2020 дар марзи Тоҷикистону Қирғиистон воқеъ дар Чоркӯҳи ва Кук-тош муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим бо ҳамтои қирғизаш Жениш Раззоков вохӯрӣ мекунад.
Ҳадафи аслии дидорбинии муовинони сарвазирон ҷиҳати ба тарзи гуфтушунид ҳал кардани муноқишаву низоъҳои сарҳадӣ аст, дар ин бора сокини шаҳри Исфара Сарҳадшоҳи Ватан дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки муноқишаи шаби 10-уми январ, ки боиси оташзаниву сангпартоии сокинони Чоркӯҳи Тоҷикистон ва Кук-тоши Қирғизистон гардида буд, марзи ин ду кишварро дубора нигаронкунанда кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ