Мулоқоти Давлаталӣ Саид бо сафири Қазоқистон

Имрӯз, 15 ноябр Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо Валихан Туреханов, сафири фавқулода ва мухтори Қазоқистон дар Тоҷикистон мулоқот кард.

Ҳамчунин дар ин вохурӣ намояндагони доираҳои тиҷоратии кишвари мавриди назар иштирок доштанд.

Дар ин бора аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар вохурӣ атрофи масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи давлатҳои дӯсту бародари Тоҷикистон ва Қазоқистон табодули назар карда шуд. Гуфта шуд, ки аз замони роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар равобити мутақобилан судманд дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию маданӣ устувор гардидааст.

Давлаталӣ Саид гуфтааст, ки тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо Қазоқистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти хориҷии мо мебошад. Мо ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳои мо мусоидат мекунанд, манфиатдорем,-афзудааст вай.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *