Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ Селесте Сауло мулоқот намуд.

Дар ин вохӯрӣ, ки 23 сентябр баргузор шуд, масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди байналмилалӣ ва рӯзномаи глобалии обу иқлими Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

Президенти Тоҷикистон дар оғоз аз ташаббусҳои глобалии кишвар дар доираи “Раванди оби Душанбе” ёдовар шуда, изҳор дошт, ки “дар ин замина, мо ба ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ, ки чандин даҳсолаҳо идома дорад, аҳамияти хос медиҳем”.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, нақшаи дар соли 2025 баргузор шудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи ҳифзи пиряхҳо намунаи ин ҳамкорӣ номида шуд.

Ба масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, селу обхезӣ, фаромадани ярчу тарма, таъсири манфии офатҳои табиӣ ба иқтисоди кишварҳо, дигар паёмадҳои фалокатбор ва пешгирии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Таҳкими минбаъдаи иқтидори техникии Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони он ва омода кардани мутахассисони ҷавон, махсусан дар соҳаи обуҳавосанҷӣ, иқлимшиносӣ ва гидрология, самти муҳиму судманди ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ арзёбӣ шуд.

Ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯйи судманд сурат гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *