Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Олаф Шолтс дар Қазоқистон

17 сентябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи  Қазоқистон бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуд. Ин мулоқот дар ҳошияи Нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон доир шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили тавсеаи робитаҳои дуҷониба ва ҳамкории минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Саҳми назарраси Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва Бонки олмонии рушд (KfW) дар татбиқи стратегияҳои милии Тоҷикистон таъкид гардидааст.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо оид ба идомаи ҳамкории босамар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, гидроэнергетика, энергияи офтобӣ ва бодӣ, нақлиёт ва кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳиссагузории Олмон дар сохтмони неругоҳҳои “Тоҷикистон” ва “Себзор” дар Бадахшон, ҳамчунин, навсозии неругоҳи Норак ёдовар шуда, изҳори бовар намуд, ки ин таҷриба метавонад дар сохтмони неругоҳи Роғун низ идома ёбад.

“Истихроҷу коркарди маъданҳо, бахусус элементҳои нодири он ва густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, содироти маҳсулоти ин бахшҳо аз Тоҷикистон ба Олмон, аз ҷумлаи самтҳои ояндадор номида шуд”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Президенти кишвар.

Олаф Шолтс изҳор доштааст, ки Олмон ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика, аз ҷумла гидоэнергетика ва дигар манбаъҳои неруи “сабз”, саноати кӯҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва дар масоили амниятӣ манфиатдор аст.

“Мо ширкатҳои дорои нуфузи ҷаҳонии Олмонро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ташвиқ менамоем” – таъкид намуд Олаф Шолтс.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *