Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон

Имрӯз, 14-уми сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, дар рафти мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон ва рӯзномаи ҳамоишҳои Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 14-15-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, баррасӣ гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори итминон кардааст, ки натиҷаҳои вохӯриҳои дарпешистода омили таҳкими ҳамкориҳои дохилиминтақавӣ хоҳанд шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми гардиши мол ва робитаҳои фарҳангию гуманитариро баррасӣ намудаанд.

Барои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ зарур шумурда шудааст, ки фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон ҷоннок карда шавад. 

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *