Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Риёз Ал-Моликӣ

Имрӯз, 29-уми август дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Риёз Ал-Моликиро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, дар оғози мулоқот Пешвои миллат ташрифи Риёз Ал-Моликиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, дар робита ба ифтитоҳи расмии Сафорати Давлати Фаластин дар Душанбе табрику муборакбодӣ намудааст. Зимнан, таъкид гардидааст, ки ин иқдом ба рушду тавсеаи муносиботи ҳасанаи ҷонибҳо дар соҳаҳои мухталиф мусоидати муассир хоҳад кард.

Дар ҷараёни суҳбат маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаластин баррасӣ гардидааст.

— Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ аз густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба аҳамияти таҳкиму такмили заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои ҳамкории ду кишварро дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо таъкид карданд. Ҳамзамон бо ин, тавсеаи тамосҳои корӣ байни вазорату ниҳодҳои марбутаи ду кишвар ба суди кор дониста шуд. Самтҳои гуногуни иқтисодиву тиҷоратӣ, ҳамчунин соҳаҳои фарҳанг, илму техника, маориф ва тиб аз ҷумлаи самтҳои ояндадори ҳамкорӣ арзёбӣ гардиданд,- меафзояд манбаъ.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *