Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ суҳбат намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, зимнан масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва чанде аз мавзуъҳои минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд, аз ҷумла, ба рӯзномаи ҳамоиши сарони давлатҳо дар Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ, ки ба наздикӣ дар Қатар баргузор хоҳад шуд, зоҳир гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ