Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири дифои Эрон

Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёнӣ бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

Имрӯз, 18 октябр дар Қасри миллат Президенти мамлкат Эмомалӣ Раҳмон вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёниро ба ҳузур пазируфт.

“Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба равобити Тоҷикистону Эрон ва дар ин зимн ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи таъмини амният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо бо ишора ба шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар самти муқовимат ба чунин зуҳуроти онҳо, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *