Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои дохилии Русия

Дар Қасри миллат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев мулоқот карданд.

“Зимни суҳбат вазъ ва дурнамои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Русия ва дигар мавзӯъҳои муҳими дуҷониба баррасӣ шуданд. Ба ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ ва амният таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Президенти кишвар.

Сарвари давлат аҳамияти таҳкими минбаъдаи робитаҳои вазоратҳои корҳои дохилӣ, инчунин натиҷаҳои пурсамари кори муштараки сохторҳои дахлдори ҳарду давлатро дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.

Пешвои миллат бахусус аҳамияти қабули тамоми чораҳои заруриро баҳри таҳкими ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, таъкид намуданд.

Қобили зикр аст, ки Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия ҳамроҳ бо ҳайати калони ҳукуматӣ барои баргузории даври навбатии музокирот оид ба маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи муҳоҷират ба Душанбе ташриф овардааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *