Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт

3 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдуллоҳ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ Ал-Яҳё мулоқот намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Ба саҳми Фонди кувайтии рушд дар татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф тавсеа меёбад.

Зимни муҳокимаи масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ аз ҳамкории судманди Тоҷикистону Кувайт дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Муколамаи ҳамкории Осиё ва ғайра изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки кишварҳо оид ба аксари масъалаҳои рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ мавқеъҳои наздик ва ё ҳамсон доранд.

Ҳарду ҷониб ба татбиқи босамари ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим изҳори алоқамандӣ кард.

Сарвари давлат ба ташаббуси Тоҷикистон, ки дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ доир ба қабули қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи «Таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» пешниҳод гардид, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *