Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар Санкт-Петербург

Шоми 24-уми декабр дар шаҳри Санкт-Петербург  мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Русия Владимир Путин доир шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар ин вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар матраҳ шудаанд.

Ба навиштаи манбаъ, аз рӯи натиҷаҳои соли ҷорӣ Русия ҳамоно шарики асосии иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Имсол гардиши мол имсол миёни ду кишвар 19,8% афзоиш ёфта, ҳаҷми он ба 1,79 миллиард доллари амрикоӣ баробар шудааст.

Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки дар ин дидор масъалаҳои доғи марбут ба муҳоҷират ва вазъи минтақа, пеш аз ҳама Афғонистон низ баррасӣ хоҳанд шуд. Амммо то ҳол ҷузъиёти бештар аз гуфтугӯи сарони ду кишвар дар ин маврид расонаӣ нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *