Мулоқоти Гулназарзода бо намояндагони Куриёи Ҷанубӣ

Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, профессор Жило Гулназарзода бо Ҳонг Вансок — мудири бахши магистратура ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи забонҳои хориҷии Куриёи Ҷанубӣ, котиби сафири Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон И Сунгу ва Пак Ёнгҷэ, донишҷӯи бахши магистратураи Донишгоҳи забонҳои хориҷии Куриёи Ҷанубӣ мулоқот кард.
Бино ба иттилои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, дар рафти суҳбат масоили ҳамкориҳои минбаъда, татбиқи созишномаҳои дуҷониба ва омӯзиши забонҳои тоҷикию куриёӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

  • Ректор Жило Гулназарзода перомуни сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва робитаҳои дӯстии байни Тоҷикистон ва Курёи Ҷанубӣ ибрози назар намуда, вобаста ба вазъ ва усули омодакунии мутахассисон дар шуъбаи забони куриёии Донишгоҳ маълумот ироа кард,- меафзояд манбаъ.
    Ҳонг Вансок аз пазироии самимонаи тоҷикона изҳори сипос намуда, гуфтааст, ки барои тавсеаи равобити судманди дуҷониба саҳми шоиста хоҳад гузошт.
    Тавре гуфта мешавад, Ҳонг Вансок ва ҳамроҳонаш аз синфхонаҳои Маркази забономӯзии Шоҳ Сеҷонг ва шароити таҳсил дар ихтисоси забони куриёӣ дидан карда, ба вазъи омӯзиши забони куриёӣ дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баҳои баланд додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *