Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Нур Ҷазлон Муҳаммад
Дар доираи Форуми байналмилалии парлумонӣ таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» 10 июн Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммад мулоқот намуд.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории байнипарлумонии ду давлат мавриди муҳокима қарор гирифт.
Гуфта мешавад, ки дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Парлумони Малайзия таъсис дода шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ