Мулоқоти муовини вазир бо сафир: Ҳоло ҳам иқтидори мавҷуда ба таври зарурӣ истифода нашудааст
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Литва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Қазоқистон Гинтаутас Васюлис мулоқот намуд, ки дар он ҳамкориҳои муосир ва имкониятҳои рушди ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар дар самти тиҷорату иқтисодиёт баррасӣ гардид.
Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, зимни мулоқот қайд гардидааст, ки ҳоло ҳам иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар самти тиҷорату иқтисодиёт ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти ба маротиб афзоиш додани гардиши тиҷорати дуҷонибаи молу маҳсулот мавҷуд мебошад.
Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҷойдоштаи низоми тиҷорат ва иқтисоди ҳар ду кишвар, бахусус бамаротиб зиёд кардани гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Литва, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти тиҷорати электронӣ, иқтисоди рақамӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ кардаанд.
Ҳамзамон, ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо як қатор пешниҳодҳо, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоид барои пайдо кардани бозорҳо ва харидорони нави маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди металлургия, корхонаҳои фармасевтӣ, мошинсозӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок манзур гардидаанд.
— Дар анҷоми вохӯрӣ ҳайати литвагӣ пеш аз ҳама барои истиқболи гарму самимона ва фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд,- меафзояд манбаъ.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ