Мулоқоти навбатӣ: Минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон амн аст

Дирӯз дар шаҳри Исфара мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардидааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, мулоқот таҳти раёсати Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев ва бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятҳо, раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва дигар шахсони масъул ҷараён гирифтааст.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз кори гурӯҳи кории муштарак ва сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстона изҳори қаноатмандӣ кардаанд. Таъкид гардидааст, ки дар натиҷаи фаъолияти назарраси масъулони вилоятҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду тараф амният дар минтақаҳои наздисарҳадӣ таъмин буда, ҷонибҳо бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ барои таъмини субот фаъолият мекунанд.

— Изҳори боварӣ карда шуд, ки тарафҳо минбаъд низ тамоми масъалаҳои мавҷударо бо роҳи дипломатӣ ҳал намуда, ба ин васила ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои ҳаммарз замина мегузоранд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *