Хистеварз

Мулоқоти навбатии ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон дар Хистеварз

Дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот ва гуфтушуниди намояндагони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар нашр кард.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳайати намояндагони вилояти Суғдро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистонро намояндаи ваколатдори президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Абдукарим Алимбаев роҳбарӣ намудаанд.

Дар рафти мулоқот ва гуфтушунид фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии ҷонибҳо генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амнияти ду вилоят, раисони шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ, намояндагони ҷамоатчигии нуқтаҳои аҳолинишин, ҷамъ наздики 40 нафар иштирок кардаанд.

Дар натиҷаи гуфтушунид ҷонибҳо доир ба зарурияти пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии наздисарҳадии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа омадаанд. Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки тамоми муаммо ва баҳсҳои наздисарҳадро танҳо бо роҳи гуфтушунид ва ҳамдигарфаҳмӣ бартараф кардан муҳим ва зарур аст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин нақшаи чорабиниҳои муштарак, ки давоми соли 2023 дар самти мустаҳкам намудани тадбирҳои эътимоди ҳамдигарӣ ва банизомдарории масоили сарҳадӣ амалӣ гардонида мешавад, тартиб дода шудааст.

Ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд ва вилояти Бодканд супориш дода шудааст, ки дар асоси ин нақша — чорабиниҳои муштарак нақшаи чорабиниҳои мушаххас тартиб диҳанд ва тадбирҳоро дар шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ амалӣ намоянд.

Иштирокдорони гуфтушунид ҷонибдории хешро бобати бо роҳи гуфтушунид ва мусолиҳа ҳал намудани масъалаҳои муайян намудани хати сарҳадии байни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон изҳор доштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *