Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Қосим-Жомарт Токаев

Имрӯз, 14-уми сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, дар рафти мулоқот маҷмӯи масоили шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳо, ҳамчунин рӯзномаи чорабиниҳои сатҳи олӣ, ки рӯзҳои 14 ва 15-уми сентябр дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла имкониятҳои афзоиши ҳаҷми гардиши молро муҳокима намудаанд.

Аз робитаҳои самарабахши доираҳои соҳибкории ду кишвар ва натиҷаҳои Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон, ки чанд рӯз пеш дар Тоҷикистон баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ карда шудааст.

Дар рафти мулоқот, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯи судманд сурат гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *