Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Илҳом Алиев

Имрӯз, 14-уми сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки ҳамчун меҳмони фахрӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамояд, мулоқот намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, дар рафти мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори итминон кардааст, ки иштироки Роҳбари Ҷумҳурии Озарбойҷон дар кори ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ омили рушди муносибатҳо байни кишварҳо хоҳад гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ба масъалаи татбиқи тавофуқоти зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Тоҷикистон моҳи майи соли ҷорӣ бадастомада, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳои барои ҷонибҳо судманд таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.

Дар рафти мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *