Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Садир Жапаров

Имрӯз, 14-уми сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кардааст, ки натиҷаҳои ҳамоиши Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба рушди равандҳои мусбат дар минтақаи мо мусоидати муассир хоҳанд кард.

— Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаи рушди муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки бо риштаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек ҳампайванданд, таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ, бахусус дар сатҳи олӣ ҷонибдорӣ намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба мавзуҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом доданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *