Мулоқоти Раҳим Саидзода бо ректори белорусӣ дар Минск

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар шаҳри Минск дар ҳошияи Форуми дуюми ректорони Белорусу Тоҷикистон аз Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Белорус дидан карда, бо ректори донишгоҳи мазкур Богуш Вадим Анатолевич мулоқот намудааст.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи боздид вазири маориф ва илм аз дастовардҳои донишгоҳи мазкур дидан карда, бо фаъолияти омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ шинос шудааст.

Зимни муаррифии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Белорус ректори Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Белорус Вадим Анатолевич иброз доштааст, ки ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии самти илмҳои техникии Белорус бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории густурда дошта, ин ҳамкориҳо рӯз то рӯз рушд карда истодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *