Мулоқоти Раҳимзода дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Русия

Дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Русия мулоқоти вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Москва қарор дорад, бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Русия, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо ва чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё аз ҳисоби ҳамватанони муқими кишвари иқомат баргузор гардид.

Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар мулоқоти мазкур ҳамзамон кормандони сафорат, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, инчунин намояндагони намояндагиҳои вазорату идораҳои Тоҷикистон дар кишвари иқомат иштирок намудаанд.

— Дар рафти мулоқот доир ба масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ба вежа, корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ, риояи талаботи қонунгузории Федератсияи Русия, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ табодули афкор сурат гирифт. Аз намояндагони ташкилоту ҷамъиятҳо ҷиҳати тақвият додани равобит ва ҳамкориҳо бо ҳамватанон, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ бо мақсади пешгирӣ аз амалҳои номатлуб даъват ба амал оварда шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *