Мулоқоти раиси БМТ бо намояндагони “Машриқ Бонк”-и АМА
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар доираи сафари корӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб бо намояндагони “Машриқ Бонк” — роҳбари глобалӣ вобаста ба институтҳои молиявӣ ва институтҳои молиявии ғайрибонкӣ ҷаноби Азиз Ата мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба имконияти кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ва суратҳисобҳои амонатӣ барои анҷом додани амалиёт бо асъорӣ хориҷӣ, инчунин, масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории “Машриқ Бонк” бо бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
“Машриқ Бонк” (Mashreq Bank) яке аз панҷ бузургтарин бонкҳои Амороти Мутаҳидаи Араб ва минтақаи Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ (MENA) ба ҳисоб рафта, доираи васеи маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумлаи бонкдории чакана ва корпоративӣ, тиҷорати электрониро барои бонкҳои минтақаи Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ, инчунин давлатҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ