Мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо губернатори вилояти Новосибирск
Давлатали Саид, раиси вилояти Хатлон бо Травников Андрей, губернатори вилояти Новосибирски Федератсияи Россия дидору гуфтушунид кардаст. Ин суҳбат дирӯз, дар шаҳри Душанбе баргузор гардидааст.
Дар вохӯрӣ доир ба вазъи кунунии ҳамкориҳои мутақобила байни вилояти Хатлон ва вилояти Новосибирск табодули назар сурат гирифтааст.
Дар мулоқот ҳавасмандии ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкориҳои фаъоли байни минтақаҳо дар самти рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷалби сармоя, инчунин амалисозии лоиҳаҳо қайд шуд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба таҳким ва густариши робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи ҳамкорӣ дар рушди иқтисодии дуҷониба ҳавасманд мебошад.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, Травников Андрей, губернатори вилояти Новосибирски Федератсияи Россия ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест — 2024» ва “Бохтар Фуд”, ки рӯзҳои 17-18 октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, даъват карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ