Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Хэ Лифэн

Имрӯз, 22-юми август дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин, ноиби Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Хэ Лифэн мулоқот намудааст.

Дар оғози суҳбат Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Чин барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва имконияти баррасии масоили ҳамкории байнидавлатӣ изҳори сипоси самимӣ кардааст.

Таъкид гардидааст, ки муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнок доранд ва Тоҷикистону Чин дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, сатҳи муносибатҳо аз робитаҳои муқаррарии дуҷониба то ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расидаанд.

Бо қаноатмандӣ таъкид шудааст, ки байни ду давлат муносибатҳои дӯстии самимӣ, ҳамсоягии нек, эътимоди амиқ ва дастгирии тарафайн фароҳам буда, дар заминаи ҳуқуқии мусоид пайваста рушд меёбанд ва дар ҷанбаи сиёсӣ низ муносибатҳои байниҳамдигарӣ   муштаракот ва наздикии мавқеи ду давлатро дар масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаро мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *