Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Вячеслав Володин дар шаҳри Алмаато

Имрӯз, 3 июн дар шаҳри Алмаато Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот намуд.

Тавре ки аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни суҳбат ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат, инчунин самтҳои афзалиятдори робитаҳои байнипарламентӣ, аз ҷумла дар доираи Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *