Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон ва Михаил Мишустин дар Намоишгоҳи «Innoprom»

Дирӯз дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия, дар ҳошияи Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии саноатии «Innoprom», Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин мулоқот анҷом дод, аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Pressa.tj хабар доданд.

Дар ин мулоқот, ки бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба баргузор гардид, масъалаҳои вобаста ба вазъ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва фарҳангу иҷтимоӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо муҳимияти ҳамкории байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Русияро таъкид намуда, омодагии худро барои густариши робитаҳои байни минтақаҳои ду давлат изҳор карданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода барои иштирок дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии саноатии «Innoprom», ки то 11 июл идома меёбад, дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия қарор дорад.

Дар ин намоишгоҳ, Гӯшаи миллии саноатии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он дастовардҳои саноатӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва қаннодӣ аз ҷониби беш аз 50 корхонаи пешқадами ватанӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Ҳамчунин, дар намоишгоҳ маҳсулот ва технологияҳое муаррифӣ мешаванд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, бо сифати баланд ва аз лиҳози экологӣ тоза мебошанд ва аллакай эътирофи байналмилалӣ пайдо кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *