Мулоқоти сеҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон бо Антониу Гуттериш ва Эммануэл Макрон

Шоми 11 ноябри соли 2019 дар доираи ширкат дар чорабиниҳои ҳамоиши Париж оид ба сулҳ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон дидору гуфтугӯ кард.

Тибқи гузориши маркази матботи Президенти Тоҷикистон, дар ҷараёни ин мулоқот гуфтугӯи озод оид ба робитаҳои дуҷониба бо Созмони Милали Муттаҳид ва Ҷумҳурии Франсия, инчунин оид ба доираи васеи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонии ҳамоиш табодули афкор сурат гирифт.

Антониу Гуттериш нақши Президенти Тоҷикистонро дар пешбурд ва тарғиби рӯзномаи иҷтимоиву иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид созгор донист. Эммануэл Макрон натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Франсия ва силсилаи музокиротро пурсамар ва муҳим арзёбӣ намуд.

Дар ҷараёни мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *