Мулоқоти Ширин Амонзода бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон
31-уми январи соли 2021 мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мерилин Йосефсон баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ намуда, Амонзода Ш. ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкориҳои судманд дар рушди соҳаҳои вазорат, аз ҷумла дастгирии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки бо мақсади ташкил ва таъсиси инфрасохтори муосири рақамӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ, интихоби касб, рушди салоҳияти хонандагон бо истифода аз зеҳнияти сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ бо ТҶ «TajRupt» ва бо ҶДММ “Сармояи рақамӣ” санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд ва то охири сол лоиҳаи Барномаи роҳбаладии ҷавонони маъюб ба таҳсилоти касбӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ таҳия карда мешавад.
Мерилин Йосефсон низ дар навбати худ омодагии намояндагии Иттиҳоди Аврупоро дар самти дастгирии ҷавонони берун аз таҳсил қарордошта изҳор намуда, қайд кардааст, ки имкониятҳоро ҷиҳати мусоидат намудан дар рушди соҳа муайян менамоянд.
— Дар фарҷоми мулоқот роҳбари Намоядагии Иттиҳоди Аврупо бори дигар омодагии худро ҷиҳати расонидани кумаки молиявӣ ба вазорат баён намуда, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои мушаххас намудани самтҳои афзалиятноки соҳа ва тарҳрезии барномаҳо ҷаласаи Гуруҳи корӣ бо масъулини ҳар ду тараф баргузор карда шавад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ