Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизаш дар Исломобод
Дар шаҳри Исломобод масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки гуфтугӯи Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев 22 – юми март, дар шаҳри Исломободи Покистон сурат гирифтааст. Бино бар иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ҷиҳати иштирок дар нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар шаҳри Исломобод қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ