Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Каха Имнадзе
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи вежаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Каха Имнадзеро ба ҳузур пазируфтааст.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили тақвияти бештари ҳамкорӣ дар самти мубориза бо хатару чолишҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, инчунин таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказиро мавриди муҳокима қарор додаанд.
Бояд гуфт, ки Каха Имнадзе ҳамзамон роҳбари навтаъйини Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) низ ҳаст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ