Мулоқоти созандаи тарафайн

3-юми апрели соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои созмонҳои байналмилалӣ Абдулазиз ал-Ҷоруллоҳ мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати густариши ҳамкориҳоро таъкид намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Зубайдулло Зубайдзода яке аз сафиронест, ки ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки оид ба муносибатҳои густурдаи дуҷониба мулоқотҳо ороста, дар заминаи он талошу заҳмат мекашад, ки ин суҳбату нишастҳо боровар бошанд.

Дар заминаи ин ҳамкориҳо бояд ёдовар шуд, ки як қатор корҳое, ки сафир анҷом додааст, бо ибтикору дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раҳандозӣ шуда, самараи хубе ба бор овардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *