Мулоқоти вазирони тоҷику ӯзбек дар Тошканд

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар шаҳри Тошкент бо вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдураҳмон Иброҳимов мулоқот намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар мулоқот масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, омӯхтани таҷрибаи пешқадам ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони варзида ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар самти илму маориф байни кишварҳои дӯсту бародар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Раҳим Саидзода иброз доштааст, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи маориф ва илм дар асоси созишномаи байниҳукуматӣ аз 10-уми январи соли 1997 шуруъ гардида, дар натиҷаи ташаббусҳои роҳбарони ду давлат тайи солҳои охир ба таври назаррас тавсеа ёфта истодаанд. Вазири маориф ва илм аз Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Форуми чоруми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Ӯзбекистон ёдовар шуда, иброз доштааст, ки баргузории чунин чорабиниҳо имкон медиҳад, то соҳаҳои илму маориф дар кишварҳои минтақа аз лиҳози системавӣ ба ҳам наздик шуда, заминаи мусоид барои вусъати ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи маориф ва илм ба вуҷуд оварда шавад.

Дар навбати худ Абдураҳмон Иброҳимов қайд намудааст, ки вохӯрии имрӯза боиси вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда аст.

— Ёдовар мешавем, ки дар ин мулоқот вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода ва сармутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм Омина Абдураҳмонзода ҳамроҳӣ намуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *