Мулоқот бо Путин роҳро ба муҳоҷирону соҳибкорон боз мекунад?

Дар ҳамкориҳои сиёсӣ ва ҳарбии Русия ва Тоҷикистон ягон мушкилоти ҷиддие мавҷуд нест, ки мавриди нигаронӣ бошад,аммо айни замон барои ҳалли мушкилоте, ки дар муносибатҳои иқтисодии байни ду кишвар ҳаст, вохурии байни Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон хеле муҳим мебошад.

  Субҳи дирӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон озими сафари Русия шуд ва ӯро дар фурӯдгоҳ бо қаровули фахрӣ пешвоз гирифтанд. Дар худи ҳамин рӯз Президент бо Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ – маҷлиси поёнии парлумони Русия мулоқот кард. 

Албатта ин бори аввалин  ва охирин  нест, ки Роҳбари давлати тоҷикон ба ин кишвари ба истилоҳ шарики старатегӣ меравад. Аммо ин  бор  онро  сафари корӣ унвон карданд ва чунин сафарро Президент бори охир соли 2011 ба анҷом расонида буд. Яъне, ин дафъа Роҳбари Давлат танҳо ба хотири анҷом додани корҳои муҳим ба Русия  ташриф овардааст.

Мушкилот сари чист?

Дар хабари расмӣ дар ин маврид гуфта шудааст, ки дар ҷараёни он роҳбарон ва узви ҳайатҳои корӣ ба бештар аз   15 шартнома имзо хоҳанд гузошт. Дар ҳамкориҳои  сиёсӣ ва ҳарбии  Русия ва Тоҷикистон ягон мушкилоти ҷиддие мавҷуд нест, ки мавриди  нигаронӣ бошад,аммо айни замон барои   ҳалли  мушкилоте, ки дар муносибатҳои  иқтисодии байни ду кишвар ҳаст, вохурии байни Владимир  Путин ва Эмомалӣ Раҳмон   хеле муҳим мебошад. Ҳамчунин, мушкилоти дигаре , ки домангири ҳам Ҳукумат ва ҳам сокинон аст, ин масъалаи муҳоҷирати тоҷикон ба Русия мебошад. Депортатсияи  беш аз 200 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифз нагардидани ҳуқуқи  онҳо дар ин кишвар сабаби нигаронии дигари  Роҳбари Давлат гардидааст. Чаро маҳз имрӯз ба муносибатҳои иқтисодӣ диққат дода мешавад?

“Тут нечего добавит…”

«Мо бар инем, ки ҳаҷми сарягузориҳои Русия ба имконоте, ки дар ин соҳа мавҷуд аст, ҷавоб намедиҳад. Мо манфиатдорем, ки ба Тоҷикистон сармояҳои бузурги Русия ҷои по пайдо кунанд.” гуфт Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин вохӯрии худ бо Вячислав Володин .

Таври маълум, муносибатҳои иқтисодии мо бо Русия  яктарафа аст, яъне аз онҳо меояду аз мо намеравад. Аз онҳо зиёда аз 1 миллиард меояду аз мо чанд миллионак.  Албатта, ин  аз  иқтисоди кунди мо маншаъ мегирад, вале молҳои экспортии мо ба Русия   иборатанд танҳо  хушкмеваю пахта , ки он ҳам баъзан “аз сабаби ба талаботи стандарт ҷавобгӯ набудан” боздошт мешавад.

Аммо сармоягузории “шарики стратегӣ”  ба ҳадде паст аст, ки ба гуфтанаш  забон намегардад. Тасавур кунед, агар Русия соли 2015 ба Тоҷикистон 1,4 миллиард доллар сармоягузорӣ карда бошад, ин рақам соле баъд ба 92 миллион доллар поин омад. Ҳоло бошад, он ҳамагӣ  21 миллион доллар аст.Чаро?

 Игор   Лякин- Фролов , сафири Русия дар Тоҷикистон забони дипло матияро як сӯ гузошта мегӯяд: “Сатҳи ҳозираи сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ҷавобгӯи талаботи ҳар ду ҷониб нест. Ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон мехоҳанд, ки ин нишондод афзоиш ёбад.

Вале соҳибкоронро наметавон ба коре маҷбур кард. Вақте онҳо аз сармоягузории худ фоида намегиранд, чӣ гуна сармоягузорӣ мекунанд? Бо чунин фазое, ки шумо доред, набояд афзоиши сармоягузории хориҷиро интизор шуд.” Сабаби инро дипломати рус  дар баланд будани сатҳи андозбандӣ ва ягон имтиёз надоштани соҳибкорони рус  мегуяд.

Албатта , ҳар кас “ қӯрро рӯи кулчаи худ мекашад” , вале ин ҷо бо ӯ розӣ нашудан мумкин нест. Ҳатто ҳамин  гуфтаҳои дипломатро Александр Князев, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ дар Русия, «хеле дипломатӣ» гуфтааст.

«Дар асл, вазъият душвортар аз ин аст. Шояд сафир нахостааст рӯйирост бигӯяд, вале дар асл шароити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон то ҳадде бад аст, ки ҳеҷ соҳибкор омода нест сармоягузорӣ кунад. Зеро бовар надорад, ки аз ин кораш фоида хоҳад гирифт ё не», — мегӯяд  ӯ. Ба қавли русҳо: “Тут нечего добавит…”

Умед ба Конфронси 7-ум?

Тавре аз ҷониби Русия  эълон гардид, дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон, дар Маскав на танҳо вохӯрии ӯ бо Владимир Путин баргузор мегардад, балки ҳамчунин Конфронси ҳафтуми байниминтақавии Тоҷикистону Русия  дар назар аст,ки дар он шахсиятҳои таъсиргузор аз ҳарду ҷониб ширкат хоҳанд намуд.

Албатта аксари он мушкилоте, ки дар муносибатҳои тиҷоратии байни ду кишвар мавҷуд аст, дар ин ҳамоиш мавриди таҳлил қаррор хоҳанд гирифт ва шояд дар он шартномаҳое, ки баррасӣ ва имзо мегарданд,  акси худро ёбанд.

Вале танҳо бо “ҳусни тафоҳум” масъалаҳои маҷударо ҳал кардан душвор аст. Аз ин рӯ , гуфтугӯи мустақими байни ду роҳбар нақши ҳалкунандаро хоҳад бозид. Ҳамчунин, дар доираи конфронс Анҷумани ҷавонони Тоҷикистону Русия зери унвони “Роҳи муштарак ба иқтисоди оянда” ба нақша гирифта шудааст. Дар он баррасии соҳибкории ҷавон ва дастгирии навкорону рушди сайёҳӣ дар назар аст. Яъне, ҳамаи умед ба ҷавонон…

Доғе, ки дар дили ҳазорон нафар аст…

Аз ҳама бештар сафари Сарвари Давлатро ба Русия муҳоҷирони меҳнатӣ ва    оилаҳои онҳо интизор буданд ва онҳо умедворанд, Президент бо он таҷрибаю кордоние, ки дорад, ҷониби Русияро муътакид бар он карда метавонад,ки ба муҳоҷирони мо сабукиҳо хоҳад расид. Хусусан онҳое, ки  ба қавле “депорт” шудаанд ва имрӯз  мардикорбозорҳои бе ин ҳам пурро пуртар кардаанд , аз вохурии ду роҳбар интизориҳои зиёде доранд.

Умед бар он мебанданд,ки президенти Русия Владимир Путин ин тоифаро афв мекунад ва “нонбиёрони хона”  боз ба ин кишвар рафта, аз паи таъмини рузгори худу фарзандони худ  хоҳанд шуд.

Қаблан ҳам бо дархости Президенти Тоҷикистон чунин иқдом сурат гирифта буд ва он замон зиёда аз 100 ҳазор нафар муҳоҷирон  ба Русия баргаштанд ва ё  мушкилоти тамдиди ҳузури худро ҳал намуданд.

Ҳамчунин, аз рӯи хабарҳои қаблӣ , шароити буду боши тоҷикон дар худи Русия мавриди муҳокимаи байни ду роҳабар хоҳад гашт ва ҳатто имкон дорад,ки оид ба таъини нафақа ба муҳоҷирон низ гуфтугузор сурат гирад.

«Мо ҳамчунин умедворем, ки давраи навбатии афви муҳоҷирон барои муҳоҷирони кории мо доир карда мешавад”-изҳори умедворӣ намуд Президент.

Бояд зикр намуд,ки Владимир Путин чуни шахсият ба Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми хосса дорад  ва дар ин гуфтушунидҳо ҳатман  ба сухани ӯ гӯш хоҳад кард. Гузашта аз ин, дар сатҳи ҷаҳон ҳоло Русия рейтинги худро ба маротиб аз даст додааст ва  шарикони эҳтимолии он низ солҳои охир  паи ҳам рӯ ба мухолифони  ин кишвар меоранд. Дар чунин ҳолат  ба Русия зарур аст, ки дӯстони худро дар ҳар шароите набошад, аз худ норозӣ накунад. Интизор мешавем…

А.АҲМАДЗОДА,

шореҳи “Тоҷикистон”

P.S. Нуқтаи назари коршиносон ва таҳлилгаронро дар мавриди натиҷаҳои ин сафари муҳим дар шумораи ояндаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *