Азим Иброҳим бо роҳбарияти “Сангтӯда-1” мулоқот намуд
Дирӯз муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо роҳбарони блоки Раёсати дороиҳо ва ташкили кор бо дороиҳо дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози ҶСК “Сангтӯда-1” ва директори ҶСК НБО “Сангтӯда-1” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, мувофиқакунонии модели молиявию иқтисодии баргардонидани сармояи Тарафҳо, нақшаи пӯшонидани қарзи ШСХК “Барқи Тоҷик” дар назди ҶСК НБО “Сангтӯда-1”, самаранок истифода бурдани фоида аз сармояи ҷалбгардида ва имкониятҳои иловагии кашфи бозорҳои нави содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки ШСХК “Барқи Тоҷик” соли 2017 бо назардошти ҳисоббаробаркуниҳо 290 млн. сомонӣ пардохт кардааст ва бо ин метавон гуфт, ки уҳдадориҳои худро дар назди ҶСК НБО “Сангтӯда-1” асосан иҷро намуда истодааст. Модели молиявию иқтисодии баргардонидани сармояи Тарафҳо низ байни ин ду сохтор асосан мувофиқа шуда, масъалаи самаранок истифода бурдани фоида аз сармояи ҷалбгардидаро Тарафҳо бо нигоҳи ҳуд ҳал менамоянд.
Ҷониби Федератсияи Россия ҳавасмандии худро ҷиҳати кашфи бозорҳои нави истифодаи барқ баён намуд.
Зикр шуд, ки дар фаъолияти байни субъектҳо масъалаҳое ҳастанд, ки таҳқиқоти бештар талаб менамоянд. Аз ин лиҳоз ба гурӯҳҳои кории соҳавӣ супориш дода шуд, ки роҳи ҳалли онҳоро бо назардошти манфиати ҳарду ҷониб таҳия ва пешниҳод намоянд.
Мулоқот дар фазои эҳтироми мутақобила ва боварӣ ба ҳамкории минбаъдаи судманд сурат гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ