Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Кейҷи Фуруя
Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония Кейҷи Фуруяро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, роҳҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва саҳми Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ дар рушди муносибатҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Япония баррасӣ шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Муколамаи “Осиёи марказӣ-Япония”-ро барои фарох кардани доираи масъалаҳои ҳамкорӣ ба манфиати мардумони кишварҳои аъзо махсус таъкид карданд.
Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, татбиқи санадҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ ва амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Барои идомаи муколамаи сатҳи олӣ оид ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, инчунин зарурати таъмиқи ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судманд изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ