Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммадҷавод Зариф

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 8 ноябр вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зарифро, ки дар доираи як сафар вориди шаҳри Душанбе шуд, ба ҳузур пазируфт.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти кишвар, дар мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба миёни Душанбе ва Теҳрон баррасӣ шудааст. Манбаъ мегӯяд, «ҷонибҳо масъалаҳои муҳим, аз ҷумла иҷрои созишномаҳои пешин, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷорӣ, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва саноатиро муҳокима карданд».

Ҳамчунин масоили амнияти минтақавӣ, мубориза зидди терроризму тундгароӣ ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ низ баҳс шуда, қайд гаштааст, ки рӯзҳои наздик дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комисияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ ва фарҳангӣ баргузор хоҳад шуд.

Муҳаммадҷавод Зариф субҳи 8 ноябр вориди Душанбе шуд. Дар ин сафар ӯро вазири энержии Эрон Ризо Ардакониён ҳамроҳӣ мекард. Вай дирӯз дар Душанбе ҳамчунин бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов мулоқот карда, дар расми ифтитоҳи сафорати Эрон дар пойтахти Тоҷикистон иштирок дошт.

Муҳаммадҷавод Зариф нахустин мақоми баландпояи Эрон аст, ки дар пайи сард шудани робитаҳои Теҳрону Душанбе дар ду соли охир, аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *