Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Салинӣ ва имзои шартномаи 3,9 млрд $

Имрӯз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо раиси ширкати “Салини Импреҷило” Пиетро Салинӣ, ки НОБ-и Роғунро хоҳад сохт, баргузор гардид.


Дар ин бора Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дода меафзояд, ки дар ин мулоқот таъкид шуд, ки бар асоси баҳогузории Бонки ҷаҳонӣ сохтумони неругоҳ аз тамоми ҷиҳат, ба вижа аз ҷиҳати бехтарӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоӣ манфиатнок мебошад:“Бо назардошти таҷрибаи ғанию имконияти васеи сармоягузорӣ ва ғолиби озмуни байналмилалӣ оид ба сохтмони иншооти НБО «Роғун» гардидани ширкати «Салини Импреҷило” ин корпоратсияи сохтмонӣ ҳамчун шарики умедбахши Тоҷикистон дар идомаи сохтмони НБО Роғун арзёбӣ гардид”.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо бар ин нукта таъкид намуданд, ки фаъолияти ширкати «Салини Импреҷило» дар Тоҷикистон омили пешравиҳо гардида, ба рушди иқтисодии кишвар кӯмак хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз миёни Тоҷикситон ва ширкати «Салини Импреҷило» доир ба масалаъаи сохтумони Роғун, хусусан, лоиҳакашӣ, хирид ва сохтумони он  ба маблағи 3,9 миллиард сомонӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *