Мулоқоти Эмомали Раҳмон бо Дмитрий Медведев

31 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот карданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат ҳолат ва дурнамои маҷмуъи муносибатҳои дӯстиву равобити мутақобилан судманди Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аҳамияти шарикии стратегии Тоҷикистону Россия таъкид карданд, ки рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо ин кишвар аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Президенти мамлакат ҳалли муштараки як қатор масъалаҳои мубрамро дар бахши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, омили муҳими таҳкими муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ намуданд. Дар ин робита, қайд карда шуд, ки “инкишофи минбаъдаи ҳамкории тарафҳо дар ин соҳа аҳамияти аввалиндараҷаро касб менамояд”.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз Федератсияи Россия дар самти шарикии тиҷоративу сармоягузории Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Дар соли 2017 гардиши мол байни ду кишвар беш аз нуҳсад миллион доллари америкоиро ташкил карда буд.

Ҷонибҳо барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар бахши воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон, васеъ кардани ҷуғрофияи робитаҳои байниминтақавӣ, татбиқи саривақтии қарорҳои қабулкардаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодиро, амри зарурӣ маънидод карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин яке аз бахшҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба — муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла содда кардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷалби муташаккилонаи онҳо ба бозори меҳнати Россия баррасӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия инчунин ба таври муфассал масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати андешидани тадбирҳои муштараку самараноки минбаъдаро дар ин самт махсус таъкид карданд.

Зимни мулоқоти судманд таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи фароҳам овардани шароитҳои мусоиди фаро гирифтани шаҳрвандони Тоҷикистон ба таълим бо забони русӣ, бахусус ҷалби ҷавонони тоҷик ба донишгоҳҳои Россия ва дар доираи татбиқи созишномаҳои қаблан имзошуда, ба афзоиш додани шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо забони русӣ дар Тоҷикистон, равона карда шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид доштанд, ки дар ин самт бояд раванди дар Тоҷикистон бунёд кардани панҷ мактаби таълими забони русӣ аз ҷониби Россия ҷоннок карда шуда, шумораи муаллимони русии ба Тоҷикистон фиристодашаванда афзун гардад.

Дар ҷараёни мулоқот таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ҳамчун самти афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба маънидод карда шуд. Дар ин самт таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир равона гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои хуби ҳамкории муштаракро дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва шаклҳои дигари ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуда, таҳкими минбаъдаи ҳамкории тарафайнро дар соҳаи амният зарур шумурданд.

Дар фарҷоми мулоқоти судманд ҷонибҳо омодагии худро баҳри рушди минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Россия дар чаҳорчӯбаи шарикии стратегӣ ба манфиати ҳар ду кишвар иброз доштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *