Мулоқоти Эркин Раҳматуллозода бо Йенс Столтенберг

     15-уми июли 2016 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Йенс Столтенберг баргузор гардид. Ҳангоми мулоқот Э. Раҳматуллозода эътимодномаи худро ба ҳайси Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СААШ ба Дабири кулли Созмон тақдим кард ва паёму дурудҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро расонид.

    Дар сӯҳбати пас аз ин маросим суратгирифта мавзуоти зиёди мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ гардиданд,ки мубориза алайҳи тероризими байналмиллалӣ, тақвияти амнияти марзӣ,таҳкими ҳамоҳанги дар мубориза бар зидди гардиши ғайри қонунии маводи мухаддир, ҳамкорӣ дар амри аз минаҳо тоза намудани қаламрави кишвар, расонидани навъҳои мухталифи абзорҳои низомӣ ба Тоҷикистон, банақшагирии вокуниш ба ҳаводиси фавқуллода ва кӯмак ба осебдидагони офатҳои табиӣ. Инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи барномаи илмии СААШ дар рӯзномаи мулоқот буданд.

  Йенс Столтенберг баъд аз ибрози сипос ба паёму дурудҳои сарвари давлат таъкид намуд,ки Созмон дар чаҳорчӯбаи барномаи «Шарикӣ баҳри сулҳ»,ки Тоҷикистон узви он аст омодаи расонидани кӯмакҳо дар бахшу соҳаҳои ҳамоҳангшуда аст.

    Бо иртибот ба натиҷаҳои Самити чанд рӯз қалб дар Варшава баргузор шудаи СААШ,ки дар он масъалаи тақвияти  сулҳу субот дар Афғонистон аз мавзуъҳоои калидӣ буд. Дабири кулли СААШ ва Сафири Тоҷикистон бори  дигар мавқеъҳои тарафайнро оид ба зарурати анҷом додани ҳамоҳангиҳои лозим дар ин мавзуи барои кулли минтақа фавқуллода муҳим таъкид намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *